Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Качинский аз Тифлис дидан мекунад


Раиси ҷумҳурии Лаҳистон Леҳ Качинский бояд рӯзи панҷшанбе бо ҳамтои гурҷиаш Михаил Саакашвилӣ дар Тифлис мулоқот кунад. Дафтари Качинский гуфт, ки раҳбари Лаҳистон бо як даъвати Саакашвилӣ барои як рӯз роҳии Тифлис хоҳад шуд. Дар пайи даргириҳои полис ва тазоҳургарон дар хиёбонҳои пойтахти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ рӯзи 7 ноябр дар кишвар вазъияти изтирориро ҷорӣ кард. Рӯзи 16 ноябр парлумони Гурҷистон ҳолати изтирориро бекор кард. Рӯзи 5 январ дар ин кишвар интихоботи пеш аз вақти раёсатҷумҳурӣ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG