Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳунарии Садриддин ба Амрико


Овозхони хушнавои тоҷик Садриддини Наҷмиддин қасд дорад охири ҳафтаи ҷорӣ бо як сафари ҳунарӣ дубора ба Амрико биравад. Худи Садриддин дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ин дафъа сафари ӯ то чаҳор моҳ тӯл хоҳад кашид ва ӯ ният дорад, ки се клип-таронаи худро дар Иёлоти Муттаҳида наворбардорӣ кунад. Ба қавли Садриддин, барои сабти як клип дар Амрико ӯ ҳудудан панҷ ҳазор доллар масраф мекардааст ва ин пулҳоро ҳамагӣ аз ҳисоби худ, яъне бидуни қумаки сарпарастон мепардохтааст. Садриддин яке аз сирҳояшро барои мухлисони савту навояш боз кардааст, ин дафъа дар Амрико ҳамроҳ бо овозхонони маъруфи форсизабон Мансур ва Сиёвуши Қумайшӣ таронаҳои муштарак суруда ва сабт хоҳад кард. Аммо Садриддин сарулибоси саҳнавӣ ва рӯзмарраашро на аз Амрико харидорӣ мекунад, балки аз бозорҳои Душанбеу Дубай ва шаҳрҳои азими Русия дастрас менамояд. «Нарху наво дар Амрико хеле гарон аст», - мегӯяд ӯ. Ин дафъа Садриддини Наҷмиддин албоми нави сурудҳои хеш бо номи «Ситораи ғам»-ро мехоҳад барои дӯстон ва алоқамандонаш дар Амрико пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG