Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Баъди ҳамла муҳофизон ҷониби атфол оташ кушоданд


Як гузориши дохилии СММ мегӯяд, ки аксар нафароне, ки дар ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони вакилони парлумон моҳи ҷорӣ ба ҳалокат расиданд, ҳадафи тири муҳофизони аъзои парлумон қарор гирифтанд. Гузорише, ки ба дасти хабарнигори Ассошейтед Пресс расидааст, мегӯяд, дар ҳодисаи ҳамлаи 6 ноябр дар вилояти Бағлон баъди вуқӯи таркиш муҳофизон силоҳро "махсусан ва аммо бидуни хушунат" ҷониби издиҳом равона кардаанд. Гузориши бахши амният ва бехатарии СММ мегӯяд, ки кӯдакон қурбонии аслии ин ҳамла буданд. Дар ин ҳодиса 77 нафар ба ҳалокат расида, 100 нафар ҷароҳат бардоштанд ва 60 дар сади онҳо мавриди ҳамлаи муҳофизон қарор гирифтанд. Адриан Эдвардс, сухангӯи СММ дар Афғонистон нашри гузориши дохилии ин ниҳодро тасдиқ кард, аммо афзуд, ки ин яке аз фарзияҳои баҳсбарангези қазия буда ҳанӯз наметавонад чун мавқеи ниҳоии ММ арзёбӣ шавад. Дар ҳамин ҳол, муҳаққиқи ин фоҷеа аз ҷониби давлати Афғонистон Мирзомуҳаммад Ёрманд гуфт, ки ба андешаи вай чунин имконият вуҷуд дошт, ки нафарони зиёд мавриди тирборони муҳофизон қарор гирифтанд. Аммо таҳқиқоти вай ҳанӯз шумори қурбониҳои таркиш ва тирандозиро мушаххас накардааст.
XS
SM
MD
LG