Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷустуҷӯи ангиштканҳо идома дорад


Дар Украина амалиёти ҷустуҷӯи 20 ангишткане идома дорад, ки дар доми кони сӯхтаистода қарор доранд. Андрей Клюев, муовини нахуствазири Украина гуфт, ки то ин соатҳо ҷасади 80 конкан ошкор шудааст. Амалиёти ҷустуҷӯи ангиштканҳои дигарро сӯхтор ва харобшавии низоми бодгири кони Засядко мушкил мекунад. Дар пайи таркиши зеризаминии рӯзи 18 ноябр, дар саросари Украина се рӯзи мотами миллӣ эълон шуд. Президент Виктор Юшенко, ки аз вилояти Донетск дидан кард, гуфт, ки фоҷиаи мазкур на танҳо "саноати ангишти кишвар, балки ҳама ҷонибҳои сиёсии Украинаро ба чолиш мекашонад".
XS
SM
MD
LG