Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти наҷоти Арал


Имрӯз дар Душанбе нишасти навбатии раёсати Бунёди байналмилалии наҷоти Арал доир мешавад. Иштирокдорони ин ҳамоиш раванди иҷрои пружаву барномаҳои марбут ба ҳалли мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ва масоили омодагиҳо ба ҳамоиши оби қораи Осиё ва Уқёнуси оромро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар он ҳамоиш раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ хоҳад кард. Ба ҷуз ин дар нишасти мазкур муҳокимаи ҳамкориҳо дар самти огоҳсозӣ ва ҷилавгирӣ аз садамаҳои эҳтимолӣ ва баргузории конфронси байналмилалии коҳиши мизони фақр ва мушкилоти об дар назар аст. Дар кори ҳамоиши имрӯзаи Душанбе намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.

XS
SM
MD
LG