Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди як ҳафта - сафари гурӯҳи аввал ба Макка


Нахустин гурӯҳи зойирони тоҷик рӯзи 27-уми ноябр, сешанбеи оянда, ба Маккатуллоҳ равона мешавад. Ба гуфтаи мақомоти умури дини вазорати фарҳанг, ҳаққи сафар ва будубош дар Арабистони Саъудиро шашуним ҳазор нафар пардохт кардааст, ки ин дуюним ҳазор нафар беш аз квотаи таъиншуда мебошад. Ва аммо бо дарназардошти дархостҳои ҷониби Тоҷикистон, вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ розӣ шуд, танҳо 1000 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро бар иловаи квота қабул кунад. Бад-ин тартиб, беш аз якуним ҳазор нафари дигар аз ҳаққи зиёрати Худо барои имсол маҳрум шуданд. Вазорати фарҳанг мегӯяд, интихоби зойирон барои сафари Маккаву Мадина аз рӯйи тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳояшон сурат мегирад. Бо ин ҳама заминаи ришвату тақаллуб барои дарёфти иҷозаи ҳаҷ аз сӯйи мақомот фароҳам омадааст, дар ҳоле ки қимати сафари ҳаҷ барои зойирони тоҷик имсол 2580 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG