Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил ба фаластиниҳои зиндонӣ озодӣ мебахшад


Ҳукумати Исроил имрӯз дар мавриди аз маҳбасҳо озод кардани 440 зиндонии фаластинӣ тасмим гирифт. Намояндаи ҳукумати Исроил гуфт, ин тасмим дар арафаи конфаронси байнулмилалӣ оид ба ҳалли қазияи Ховари Миёна гирифта шудааст, ки қарор аст ҳафтаи оянда дар Иёлоти Муттаҳида доир шавад.

Имрӯз сарвазири Исроил Яҳуд Олмерт изҳор намуд, ки ҳукумат ҳамчунин бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар Каронаи ғарбии руди Урдунро қатъ кардааст. Имрӯз дар Байтулмуқаддас музокироти миёни Яҳуд Олмерт ва раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос шурӯъ шуд.

XS
SM
MD
LG