Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифини Гурҷистон боз ба майдон мерезанд


Мухолифини Гурҷистон дар бораи эҳёи намоишҳои эътирозӣ шурӯъ аз рӯзи 25 ноябр тасмим гирифтанд. Дар ин бора имрӯз дар нишасти Шӯрои миллии иттиҳоди мухолифин хабар дода шуд. Яке аз талабҳои асосии намоиши эътирозӣ - шурӯъи дубораи пахши барномаҳои телевизиони мустақили Имедиа хоҳад буд. Аҳзоби мухолиф гуфтанд, ки то шурӯъи кори телевизионии Имедиа бо мақомоти Гурҷистон ягон хел музокирот анҷом нахоҳанд дод.

Рӯзи 7 ноябри соли равон намоиши густурдаи аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон дар канори бинои порлумон дар Тифлис бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ пароканда карда, дар кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ гардид. Михаил Саакашвилӣ дар ташкили гирдиҳамоиҳо Русияро муттаҳам кард. Вазъи изтирорӣ дар Гурҷистон ду рӯз пеш аз байн бардошта шуд.

XS
SM
MD
LG