Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МН МО: баррасии лоиҳаи қонуни дастрасӣ ба иттилоот


Дар шӯрои навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоъот» баррасӣ гардид.

Бино бар хабари маркази иттилоъотии Маҷлиси олии Тоҷикистон, дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти иқтисодии шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ барои қонунвайронкунӣ дар соҳаҳоисохтмон ва меъморӣ, саноати масолеҳ, конструксияҳо ва маводди сохтмонӣ», лоиҳаи тағйирот ба ба қонуни амалкунандаи «Дар бораи рӯзҳои ид» ва Кодексҳои идорӣ ва андоз Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Дар ҳамин ҳол қисме аз лоиҳаҳои баррасишуда ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон равона гардида, як қисми дигар ба баррасии ҷаласаи навбатии шӯрои чаҳорум, ки ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад, равона шуданд.

XS
SM
MD
LG