Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳофизон масъули куштор дар Бағлонанд


Масъулияти куштори теъдоди зиёди мардум бар асари як ҳамлаи маргталабона ба вакилони порлумони Афғонистон бар дӯши муҳофизони вакилон хоҳад буд. Ин нуктаи аслии гузориши коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аст, ки ҳамлаи терористии рӯзи 6 ноябр дар вилояти Бағлонро таҳқиқ карданд. Дар ин ҳамла зимни ифтитоҳи як корхона шаш вакили порлумон кушта шуданд. Дар маҷмӯъ дар ин ҳодиса 77 кас ба ҳалокат расида, беш аз сад нафар ҷароҳат бардоштанд. Миёни кушташудагон кудакон низ зиёданд.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки баъди таркиш муҳофизон чаҳор сӯ бенизом оташ кушоданд ва ин мунҷар ба ҳалокати теъдоди зиёди мардум гардид. Гузориши коршиносони Созмони Милали Муттаҳид як таҳқиқоти дохилист ва дар матбуот нашр нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG