Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз фаъолият бозмондани коргоҳи заршуии корхонаи муштараки «Зарафшон» оид ба истихроҷи тилло боиси ба маротиб кам шудани маъоши коргарон ва бо ин иллат тарки корхона намудани бархе аз мутахассисин ва кормандони он шудааст.

Бахтиёр Рабиев, ёвари раиси кулли корхонаи мазкур, гуфт, бархилофи муқаррароти шартнома равон нашудани ашёи хом аз ҷониби Узбакистон ва манъи интиқоли мавод ва таҷҳизоти фаннӣ аз сӯи гузаргоҳи Ҷартеппаи вилояти Самарқанди ин кишвар боиси ҳудуди ду моҳ аз фаъолият бозмондани коргоҳи заршуӣ шудааст. Ва ин мушкил, афзуд ӯ, омили зиёни шадиди иқтисодӣ ва аз кор рафтани бархе аз мутахассисони корхона гардидааст.

Оқои Рабиев вазъи бӯҳронии корхонаро ташреҳ намуда гуфт, ҷумҳурии Узбакистон на танҳо ирсоли се ашёи хоми асосӣ - саққаҳои фулодӣ, оҳаксанг ва ишқорро аз корхонаҳои дохилии худ манъ кардааст, балки ҳамчунин садди роҳи транзити ашёи хом аз дигар кишварҳои тавассути хоки худ шудааст. Вай афзуд, қаблан ба корхонаи тиллои «Зарафшон» корхонаи маъдангудозии Бекобод саққои фулодӣ ва корхонаи кимиёи шаҳри Навоӣ ишқорро ирсол менамуд.

Аммо дар ҳоли ҳозир ҷониби Узбакистон на таҳо ӯҳдадориҳои шартномавии хешро иҷро намекунад, балки воридоти транзитии ашёи хомро аз Русия Укроин ва Кафкоз низ тариқи гузаргоҳҳои гумрукии хеш бесабаб манъ намудааст. Ва ин ҳолат, афзуд ӯ, омили аз фаъолият бозмондани корхонаи тилло, зиёни шадиди молӣ ва тарк намудани мутахассисон ва коргарон дар корхона шудааст.

Дар ҳамин ҳол Хушгили Абдулгафур, як тан аз коргарони корхона мегуяд, коҳиши иқтидори корхона ва аз ин боис кам шудани маъоши коргарон аз ҷониби маъмурият омили аз кор рафтани онҳо шудааст. Ин дар ҳолест, ки назар ба гуфтаи Бахтиёр ёвари раиси кулли корхонаи тиллои «Зарафшон», аз моҳи августи соли равон ширкати тавлидотии тиллои Чин «Зиҷинг Майнинг» 75 дарсади корхонаи мазкурро аз ширкати «Авосет Майнинг»-и Бритониё харидорӣ ва истихроҷи тиллоро до андозае афзоиш додааст.

Аммо, афзуд ӯ, таҳрими иқтисодӣ аз ҷониби Узбакистон тайи ду моҳи ахир боиси аз фаъолият мондани коргоҳи заршуӣ, пардохт нашудани маъоши коргарон ва аз ин боис тарки корхона намудани онҳо шудааст. Ба гуфтаи ӯ, айни замон корхонаи истихроҷи тилло бо ин амалдкарди кишвари ҳамсоя беш аз 4 милиён доллар зиёни молӣ дидааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG