Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони милисаи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ду донишҷӯ ва ду толибилми як мактаби миёнаро бо иттиҳоми ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт карданд.

6-уми октябри соли равон дар як гузаргоҳи зеризаминӣ дар хиёбони Вострякови ин шаҳр афроди ношинос бо корд ба ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла карданд.

Ба иттилоъи Раёсати умури дохилаи Маскав, баъди ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд. Дар ҷараёни таҳқиқи парванда кормандони милиса ду донишҷӯи Донишгоҳи ороишу фанноварӣ ва ду толибилми як мактаби миёнаро боздошт ва онҳоро дар ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам карданд.

Гуфта мешавад, ҳангоми тафтиш аз манзили муттаҳамон китобу дастурҳои фашистӣ ва феҳрасти «корнома»-ҳояшон – ҳамлаҳо ба афроди ғайриславянӣ – ёфт шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабаргузориҳо, имрӯз мурофиаи додгоҳии як донишҷӯ аз ҷумҳурии Адигеяи ин кишвар шурӯъ мешавад, ки моҳи августи соли равон навори қатли як тоҷик ва як доғистониро аз тариқи Интернет пахш карда буд. Ба гуфтаи мақомот, донишҷӯВиктор Милков, чанд рӯз баъди дар Интернет пахш кардани навори мазкури видео боздошт шуд. Дар ҷараёни тафтишот гуноҳи ӯ комилан исбот шуд ва акнун В. Милков, тибқи кодекси ҷиноии Русия, дар барангехтани низоъи милливу нажодӣ муттаҳам мешавад.

Тавре хабар дода будем, 12-уми августи соли равон аз тариқи яке аз сомонаҳои интернетии Русия навори қатли ваҳшиёнаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷумҳурии Доғистони Русия нашр гардид.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамин ҳол ҳизби миллатгароҳои Русия масъулияти қатли хориҷиёнро ба дӯш гирифтааст.

Ҳарчанд куштор ва латукӯби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар Русия тақрибан ҳар рӯз рух медиҳад, вале таҳқиқу бозрасии парвандаҳаи марбут ба ин ҳаводис ё ба дарозо мекашад ё додситонӣ аз ифтитоҳи парванда бо иттиҳоми «барангехтани низоъи милливу нажодӣ» сарпечӣ мекунад. Аз ҷумла, додгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия қотилони духтараки тоҷик Хуршеда Султоноваро, ки ба маҳзи ғайрирус будан ба баданаш ёздаҳ бор бо корд зада буданд, фақат дар авбошӣ айбдор кард.
XS
SM
MD
LG