Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ қонунияти интихоби Мушаррафро тайид мекунад


Додгоҳи Олии Покистон аз шаш даъво алайҳи интихоби дубораи Парвиз Мушарраф дар маснади раиси ҷумҳур панҷтояшро рад кард. Мушарраф ваъда дода буд, ки баъди аз сӯи Додгоҳи Олӣ тайид шудани қонунияти интихобаш дар мақоми сарвари кишвар аз вазифаи фармондеҳи артиши Покистон канор меравад.

Имрӯз рушан шуд, ки интихоботи сартосарӣ дар Покистон рӯзи 8 январи соли 2008 ум доир мешавад. Парвиз Мушарраф ба Комиссиюни марказии интихобот тавсия дод, ки маҳз 8 январро рӯзи интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ эълон кунад. Ва аммо раисиҷумҳур дар бораи он ки то рӯзи интихобот вазъи изтирорӣ аз байн бардошта мешавад ё не, чизе нагуфт.

Рӯзи шанбе Ҷон Негропонте – муовини Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида дар мулоқот бо Парвиз Мушарраф дар Исломобод ҳушдор дод, ки агар то интихоботи порлумонӣ вазъи изтирорӣ дар Покистон лағв нагардад, эътимод ба озоду одилона сурат гирифтани ин маъракаи сиёсӣ зери суол хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG