Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон ошкор шуд


Дар шаҳри Маскав чаҳор донишҷӯ ва толибилми мактаб бо иттиҳоми ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, рӯзи 6 октябри соли равон дар як гузаргоҳи зеризаминӣ дар хиёбони ба номи Востряков афроди ношинос ба ду шаҳрванди Тоҷикистон бо корд ҳамла карданд. Сокинони Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.

Дар ҷараёни таҳқиқи парванда кормандони милиса ду донишҷӯи Донишгоҳи ороиш ва технологияи Маскав ва ду толиблими мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро боздошт ва айби онҳоро дар ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон собит карданд. Ҳангоми тафтиш аз манзили муттаҳамон китобу дастурҳои фашистӣ ва феҳрасти “корномаҳояшон” – ҳамлаҳо ба афроди ғайриславянӣ ошкор гардид.

XS
SM
MD
LG