Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Туркманистон, Сурия, Тайланд ва Сингапур ба даври севуми бозиҳои гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои ҷавобӣ Туркманистон бар Ҳонконг бо натиҷаи 3:0 (бозии аввал – 0:0), Сурия бар Индонезия бо ҳисоби 7:0 (бозии аввал – 4:1) ва Тайланд бар Яман бо натиҷаи 1:0 (бозии аввал – 1:1) пирӯз шуданд. Тими Сингапур, ки дар бозии аввал дар майдони худ бар дастаи Тоҷикистон бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада буд, бозии дувумашро дар Душанбе бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дод.

Бар асоси низомномаи мусобиқот, пас аз бозиҳои даври аввал, 11 дастае, ки дар рейтинги ФИФА мавқеъи баландтар доштанд, – Баҳрайн, Узбакистон, Кувайт, Кореяи Шимолӣ, Чин, Урдун, Қатар, Лубнон, Уммон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Ироқ – бидуни бозӣ ба даври севум роҳхат гирифтанд.

Панҷгонаи беҳтарини осиёӣ дар рейтинги ФИФА - Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саъудӣ, Ҷопон ва Эрон бидуни мубориза дар сабқати интихобии гурӯҳӣ ширкат хоҳанд кард.

Аз миёни 8 пирӯзи дигари даври аввал, ки рейтингҳои пасттар доштанд, чаҳор ғолиби даври дувум – Туркманистон, Сурия, Тайланд ва Сингапур – ба даври севум роҳ ёфтанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG