Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шералӣ Бозоров, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба 15-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи асосӣ – мошини сабукрави «Волга» ГАЗ-3102 – гардид.

Ин мусобиқа таҳти сарпарастии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати 130 гуштигир аз манотиқи мухталифи кишвар дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Сабқати паҳлавонон дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Гуштигирони душанбегӣ Шералӣ Бозоров ва Парвиз Собиров, ки ҳар кадом дар сабқати қаблӣ бар панҷнафарӣ ҳарифони худ пирӯз гардиданд, ба қувваозмоии ниҳоӣ байни гуштигирони вазнашон беш аз 80 килограмм роҳ ёфтанд. Дар оғози қувваозмоӣ ба Шералӣ Бозоров муяссар шуд, ки бо усули зебо ҳарифашро ба тахтапушт хобонда, ғолиби мутлақи ин мусобиқа гардад.

Паҳлавон Фурқат Раминшоев (Душанбе) дар гурӯҳи гуштигирони вазнашон аз 70 то 80 килограмм пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ дар сабқати ниҳоӣ бар ҳарифи худ Руслан Зарифбеков (ВМКБ) дастболо шуда, соҳиби телевизор, маркази мусиқӣ ва қолин гардид.

XS
SM
MD
LG