Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳдофи сафари Негропонте ба Покистон


Ҷон Негропонте, муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, ва Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури Покистон, дар Исломобод вазъи ин кишварро баррасӣ карданд.

Эълони вазъи изтирорӣ дар Покистон аз сӯи раисиҷумҳур Мушарраф дар ду ҳафтаи пеш боиси он гардид, ки пулис аз намоишҳои эътирозӣ ҷилавгирӣ мекунад, нашри расонаҳои мустақил дар кишвар қатъ гашта ҳазорҳо мухолифини ҳукумат ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ба зиндонҳо партофта шуданд.

Ҷон Негропонте баъд аз мулоқот бо Парвиз Мушарраф ба хабарнигорон гуфт, ки ин маҳдудиятҳо ва интихоботи озоду одилона бо ҳам тавъам нестанд. Ба гуфтаи ӯ, «мардуми Покистон ба дарёфти ҳаққи интихоби озоду бидуни маҳдудияти раҳбарони худ дар шароити бидуни вазъи изтирорӣ зарурат доранд».

Дар ҳоли ҳозир Негропонте аз Мушарраф чун ҳампаймони содиқи Амрико дар мубориза бо террор ситоиш кард ва аз тасмими ӯ барои баргузории интихоботи порлумонӣ дар 9-уми январи соли 2008 истиқбол намуд. Дар ҳамин7 ҳол дипломати баландмартабаи амрикоӣ изҳори итминон кард, ки раисиҷумҳури Покистон дар аҳди худ барои канор рафтан аз маснади фармондеҳи артиши кишвар содиқ хоҳад монд.

Ҷон Негропонте нахустин мақоми баландпояи Амрикост, ки баъд аз эълони вазъи изтирорӣ дар Покистон бо раисиҷумҳури кишвар дидору гуфтугӯ анҷом додааст. Иттилоъ дода мешавад, ки ӯ бо дигар мақомоти ҳукумати Покистон низ мулоқот доштааст ва ҳамчунин аз тариқи телефон бо Беназир Бҳутто, раҳбари мухолифин ва сарвазири пешини кишвар, суҳбат кардааст. Гуфта мешавад, дар ин суҳбат аз имкони шурӯъи дигарбораи музокирот бо раисиҷумҳур Мушарраф оид ба тақсими қудрат сухан рафтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки музокироти миёни Парвиз Мушарраф ва Беназир Бҳутто дар мавриди тақсими қудрат дар Покистон, ки, воқиъан, ибтикори Вошингтон буд, баъд аз эълони вазъи изтирорӣ ба бунбаст ворид шуданд. Баъд аз талоши Беназир Бҳутто барои баргузории як раҳпаймоии бузурги эътирозии ҷонибдоронаш аз Лоҳур то Исломобод алайҳи эълони вазъи изтирорӣ дар кишвар ӯ таҳти ҳабси хонагӣ қарор гирифт. Ҳоло сарвазири пешин озод аст, вале дар ҳамин ҳол ӯ аз идомаи музокирот бо Мушарарф сарпечӣ мекунад. Раисиҷумҳур низ айни ҳол аз робитаи мустақим бо ҳарифи сиёсияш парҳез кардааст.

Ба иттилоъи бархе аз хабаргузориҳо, Ҷон Негропонте гуфтааст, ки Вошингтон далелҳои Мушарраф барои эълони вазъи изтирориро қабул надорад. Ва аммо ҳанӯз равшан нест, ки Иёлоти Муттаҳида ваъдаи худ барои коҳиши кумаки молӣ ба Исломободро иҷро мекунад ё на.

Дар ҳамин ҳол бархе аз манбаъҳои дипломатӣ дар Покистон бидуни ифшои номашон хабар додаанд, ки муовини Котиби давлатии Амрико ба Мушарраф имкони коҳиши кумаки Вошингтон ба Исломободро гӯшрас кардааст.
XS
SM
MD
LG