Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи наворбардори "қатли" як тоҷик оғоз мешавад


Мурофиаи додгоҳии як донишҷӯ аз Адигея, ки тобистони имсол навори қатли гӯё як шаҳрванди Тоҷикистон ва як доғистониро тариқи Интернет пахш карда буд, имрӯз шурӯъ хоҳад шуд. 15-уми август имсол мақомоти интизомии Адигея фориғуттаҳсили яке аз донишгоҳҳои маҳаллӣ Виктор Милковро пас аз дар интишори ин навор тариқи Интернет иқрор шуданаш, боздошт кард. Додгоҳ дархости Виктор Милков ва вакили мудофеъи ӯро оид ба лағви парвандаи ҷиноӣ бар асоси иқрор кардани гуноҳ ва пушаймон буданаш рад кард ва мурофиаро ба имрӯз - 19-уми ноябр таъин кард. Ёдрас мекунем, 12-уми августи соли равон дар сомонаҳои интернетии Русия навори қатли ваҳшиёнаи ду нафар паҳн шуд, ки дар сархати ин навор гуфта мешуд, ин ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Доғистон мебошанд. Ҳизби натсионал-сотсиалисти Русия, як созмони сабтиномнашуда ва миллатгарои Русия масъулияти ин қатлро ба дӯш гирифтааст. Виктор Милков, паҳнкунандаи ин навор, тибқи қонуни ҷиноии Русия, дар барангехтани низоъҳои миллии нажодӣ муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG