Пайвандҳои дастрасӣ

Нияти ғанисозии ураниум дар кишварҳои сеюм


Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки вай ният дорад бо давлатҳои дигари арабӣ машварат кунад, ки бо кадом роҳ метавонад фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро дар қаламрави кишварҳои сеюм оғоз кунад. Аҳмадинажод ин суханҳоро дар ҳошияи нишасти давлатҳои содиркунандаи нафт ироа дошт, ки дирӯз дар шарҳи Риёз баргузор шуд. Вай гуфт, ки нақшаи мазкур ба Эрон имконият медиҳад, ки фаъолиятҳои барномаи энергияи ҳастаиро идома дода, дар айни ҳол, ҳама гуна хатари инро, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар андешаи тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ мебошад, рад кунад. Вазири хориҷаи Фаронса Бернар Куҳнер гуфт, ки барномаи ҳастаии Эрон таҳдиди бузургтаринест ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Фаронса ният дорад, фишорро барои эъмоли таҳримҳои нав болои Эрон идома диҳад.
XS
SM
MD
LG