Пайвандҳои дастрасӣ

10000 тоҷикистонии хостори зиёрати Маккаву Мадина


Соли ҷорӣ наздики 10 ҳазор тоҷикистонӣ хостори зиёрати Маккаву Мадина шудаанд. Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ имсол барои Тоҷикистон квотаи сафар ба мавзеъҳои муқаддас додаст, ки бар тибқи он, танҳо чаҳор ҳазор нафар метавонад ҳоҷӣ шавад. Вале шумори хоҳишмандони сафари ҳаҷ бамаротиб афзуд, дар ҳоли ҳозир беш аз шаш ҳазор нафар маблағи сафарро пардохт кардаанд. Бинобар ин, сарраёсати умури дини вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ дархост кардааст, ки квотаи сафарро ҳадди ақалл барои ду ҳазор нафар афзун кунад. Дар ҳоли акс, сеяки озимони ҳаҷ ва шояд шумори беш аз он ҳам аз зиёрати хонаи Худо маҳрум шаванд.

XS
SM
MD
LG