Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ - 5000 нафар


Шумори нерӯҳои муҳофизи сулҳ аз кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳудуди 5 ҳазор низомиро ташкил хоҳанд дод. Ба гуфтаи Валерий Семериков, муовини муншии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, гуфтааст, аммо ин рақами мушаххас ва ниҳоӣ нест, чун ҳар як кишвари узви созмон оид ба шумори ҳайати нерӯҳои муҳофизи сулҳ пешниҳодоти худро дорад. Феълан коршиносони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ масоили марбут ба сохтор, таъминоти фаннӣ ва омодасозии ҳайати низомию мулкии нерӯҳои посдори сулҳро баррасӣ мекунанд. Минтақаи фаъолияти нерӯҳои посдори сулҳи ин созмон дилхоҳ нуктаи доғи ҷаҳон метавонад бошад. Ёдрас мекунем, Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар соли 1992 ба имзо расида, Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон шомили ин созмон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG