Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод: "Доллар пораи коғази беарзиш аст"


Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмаднажод даъват кард, ки муомилоти тиҷоратии нафт бо доллари амрикоӣ хотима дода шавад, чунки ба қавли вай, қурби миллии ИМА "пораи коғази беарзиш" мебошад. Раҳбари Эрон ин суханҳоро дар анҷумани кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC) дар пойтахти Арабистони Саъудӣ шаҳри Риёд баён кард. Эрон хостори ворид кардани ин пешниҳодаш ба эъломияи ниҳоии нишаст шуд, аммо бо сабаби дар садри маҷлис қарор доштани Саъудия - шарики стратегии ИМА - ин пешниҳоди Эрон пуштибонӣ наёфт.

XS
SM
MD
LG