Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии Тачӣ дар интихоботи Косово тасдиқ мешавад


Нозирони интихоботӣ дар Косово тасдиқ карданд, ки ҳизби демократии мухолифин, таҳти раҳбарии як ҷангии ғайринизомии албанитабор Ҳошим Тачӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи шанбе пирӯз омад. Гурӯҳи назорати интихоботии "Демократия дар амал" гуфт, ки баъди ҳисоби 90 дар сади варақаҳои раъйдиҳӣ маълум мешавад, ки ҳизби таҳти раҳбарии Тачӣ 34 дар сади раъйҳоро аз они худ кардааст ва Лигаи демократии Косово дар мақоми дуюм қарор мегирад. Мақоми аввали ҳизби Тачӣ ба вай ҳақи ташкили ҳукумати эътилофиро медиҳад. Ҳошим Тачӣ қабл аз интихобот тааҳҳуд кард, ки талош хоҳад кард баъди 10 декабр ба Косово мақоми истиқлолият дода шавад. 10 декабр таърихест, ки аз ҷониби ҳайати музокироти байналмилалӣ барои таҳияи гузорише ба унвонии СММ таъйин шуда, дар он сухан аз пешравиҳо дар самти музокироти сари сарнавишти ояндаи Косово хоҳад рафт. ИМА аққалияти сербҳои Косоворо барои бойкоти интихобот танқид ва ҷараёни сулҳомези интихоботи Косоворо ситоиш кард.
XS
SM
MD
LG