Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиш дар кони ангишт 33 нафар ҷон бохтанд


Теъдоди қурбониёни таркиш дар кони ангишти ба номи Засядко дар устони Донетски Укроин то 33 нафар афзоиш ёфт. Ба иттилоъи вазорати вазъи изтирории кишвар, айни ҳол сарнавишти 70 ангишткани дигар рушан нест. Қаблан гуфта мешуд, ки гурӯҳҳои наҷотбахшӣ ҷустуҷӯи 11 ангиштканро идома медиҳанд.

Фоҷиа шаби гузашта бар асари таркиши гази метан рух дод. Ҳангоми инфиҷор дар ин кон 450 нафар кор мекарданд. Теъдоди бузурги ангиштканҳо ба мустақилона тарк гуфтани ҷойи ҳодиса муваффақ шуданд. Вазорати вазъи изтирории Укроин мегӯяд, ки дар ҷойи ҳодиса сухтор ба амал омадааст ва ин ҷустуҷӯи ангиштканҳои боқимондаро душвор мегардонад.

Фоҷиа дар кони ангишти ба номи Засядко аз сӯи комиссиюни ҳукуматӣ тафтиш мешавад. Интизор меравад, ки сарвазири Укроин Виктор Янукович аз ҷойи ҳодиса дидан кунад.

XS
SM
MD
LG