Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қандаҳор боз ба саҳнаи даргириҳо табдил ёфт


Дар вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон миёни неруҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО ва мусаллаҳони Толибон задухурдҳои шадид идома доранд. Ба гуфтаи Зоҳир Мурод - сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон, бар асари амалиёти зидди Толибон, ки рӯзи шанбе шурӯъ шуд, дасти кам 12 тан аз мухолифини ҳукумат кушта ва 15 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Амалиёти неруҳои НАТО бо истифода аз чархбол ва ҳавопаймоҳои низомӣ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG