Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни "Сидр" меафзояд


Теъдоди қурбониёни туфони “Сидр” дар Бангладеш айни ҳол беш аз 2 ҳазор нафар ҳисоб шудааст. Ва аммо, ба гуфтаи хадамоти вазъи изтирории кишвар, ҳар соат дар бораи қурбониёни офати табиӣ иттилоъи нав мерасад. Ҳадс зада мешавад, ки ҳазорҳо нафар зери харобаҳои манозил ва дигар биноҳо мондаанд.

Тӯфони “Сидр” боиси бузургтарин фоҷиа дар соҳилҳои ҷанубу ғарбии Бангладеш дар 15 соли ахир гардид. Бар асари тӯфон обхезӣ шурӯъ шуд, ки дар навбати худ даҳҳо ҳазор манзили зистро тахриб кард. Гурӯҳҳои наҷотбахш бо истифода аз чархболҳо ва киштиҳо тақрибан яку ним миллион нафар сокинони маҳаллиро ба ҷойи амнтар интиқол доданд.

Мақомоти Бангладеш мегӯянд, ки тӯфон ҳамчунин ҳосили биринҷ ва дигар зироатҳоро дар бархе аз манотиқ комилан аз байн бурдааст. Ҳукумат аз имкони рух додани гуруснагӣ ва хуруҷи маризиҳои вогир бонги изтироб мезанад.

XS
SM
MD
LG