Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон замин ҷунбид


Соати ҳашти субҳи Душанбе дар хоки Тоҷикистон замин ҷунбид. Бино бар иттилоъи Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза 25 километрии шарқу ғарби Душанбе, ноҳияи Варзоб буда ва шиддати он се бал будааст. Ин ниҳод гуфт, шиддати заминларза дар пойтахти Тоҷикистон ду бал буд. Вазорати ҳолоти изтирорӣ ба Озодӣ хабар дод, ки дар пайи ин зилзила ягон хароботе рух надодааст.

XS
SM
MD
LG