Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тачӣ: Косоворо мустақил эълон хоҳам кард!


Собиқ ошӯбгари албанитабор Ҳошим Тачӣ иддао дорад, ки дар интихоботи парламентии Косово ӯ ва ҳизбаш пирӯз шудааст. Қабл аз изҳороти Тачӣ омори ғайрирасмӣ нашр шуд, ки бар пояи он ҳизби демократии зери раҳбарии ӯ дар интихоботи 17-уми ноябр 35 дар сади овозҳоро касб кардааст.

Тачӣ гуфт, ки баъди 10-уми декабр истиқлоли Косово аз Сербияро эълон мекунад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷонибҳои музокиракунандаи Косово барои ҳалли ихтилофҳо дар масъалаи мақоми ин устон то 10-уми декабр вақт муқаррар кардааст. Дар ин рӯз онҳо бояд ба СММ натиҷаи гуфтушунидро гузориш диҳанд.

Фиристодаи хоси СММ дар Косово Йоаҳим Рюкер гуфт, ки интихобот озоду одилона буд:

" Ба фикрам мардум камоли зиёд нишон дода, фаъолона дар овоздиҳӣ иштирок карданд. Шояд дар муқоиса бо интихоботи пештара мо шоҳиди ҳузури бештар мардум шавем. Хулоса, ман бар ин назарам, ки барои демократия дар Косово ин рӯзи хуб буд."

Ақаллияти сербтабори Косово овоздиҳии рӯзи шанберо бойкот кард.

Дар овоздиҳии рӯзи шанбе тахминан якуним миллион сокини Косово мебоист 120 вакили парламенти вилоят ва мақомоти 30 ҷамоатро интихоб мекарданд.
XS
SM
MD
LG