Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил-Русия 2-1


Орзуи ҳаводорони футболи Русия дар мавриди ширкати ин кишвар дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупои соли 2008-ум баъди шикаст дар Исроил барҳам хӯрдааст. Рӯзи шанбе дар шаҳри Тал Абиб Исроил Русияро бо ҳисоби ду бар як ноком кард. Рӯзи чоршанбе дар бозии ниҳоии интихобӣ Русия бо Андорра рӯ ба рӯ мешавад. Худи ҳамон рӯз мунтахаби футболи Англия дар стадиони Уемблии Лондон бо дастаи Хорватия сабқат мекунад. Хорватия аллакай соҳиби яке аз роҳхатҳо шудааст. Агар Англия, ки назар ба Русия ду имтиёз бештар дорад, қуваозмоӣ бо Хорватияро бо пирӯзӣ ва ё ҳисоби мусовӣ анҷом диҳад, роҳхати дуюми гурӯҳ насиби ин кишвар мешавад. То ҳол Италия, Фаронса, Хорватия, Полша ва ё Лаҳистон, Ҳолланд, ва Испания барои ширкат дар Ҷоми Аврупо роҳхат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG