Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Косово интихобот доир шуд


Дирӯз раъйдиҳандагони вилояти Косово вакилони Маҷлиси қонунгузори маҳаллиро интихоб намуданд. Косово устони Сербия аст, ки таҳти назорати СММ қарор дорад. Дар овоздиҳии рӯзи шанбе тахминан якуним миллион сокини Косово мебоист 120 вакили парламенти вилоят ва мақомоти 30 ҷамоатро интихоб мекарданд. Аҳолии сербтабори Косово, ки 6 дар сади саршумори умумии ин устонро ташкил медиҳад, бо даъвати ҳукумати Сербия интихоботро бойкот намуд. Натиҷаи интихобот ҳафтаи оянда эълон мешавад.

Фиристодаи хоси СММ дар Косово Йоаҳим Рюкер гуфт, ки интихобот озоду одилона буд:

" Ба фикрам мардум камоли зиёд нишон дода, фаъолона дар овоздиҳӣ иштирок карданд. Шояд дар муқоиса бо интихоботи пештара мо шоҳиди ҳузури бештари мардум шавем. Хулоса, ман бар ин назарам, ки барои демократия дар Косово ин рӯзи хуб буд."

Назархоҳии пешакӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар интихобот собиқ намояндаи сиёсии ошӯбгарони албанитабори Косово Ҳошим Тачӣ ва ҳизби демократии Косовои зери раҳбарии ӯ пешдастӣ хоҳад кард.

Воқеан, ҳамаи сиёсатмадорони албанитабори Косово мегӯянд, ки дар аввалин Иҷлосияи Маҷлиси қонунгузор, ки 10-уми декабр барпо мешавад, истиқлоли Косово эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG