Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавез: Нефт ду баробар гаронтар мешавад


Дирӯз президенти Венесуэла Ҳуго Чавез гуфт, агар ИМА бӯҳрони марбут бо барномаи ҳаставии Эронро аз роҳи ҳамла болои Ҷумҳурии Исломӣ ҳал карданӣ шавад, нархи як баррел ё худ як бушка нефт ба беш аз 200 доллари ИМА мусовӣ хоҳад шуд. Чавез афзуд, ки 100 доллари ИМА барои як баррел нефт нархи "одилона" аст. Моҳи равон нархи як баррел нефт ба 100 доллар наздик шуд. Рӯзи ҷумъа Арабистони Саудӣ ба ташаббуси Эрону Венесуэла, ки мехостанд дар изҳороти ниҳоии нишасти раҳбарони мамолики узви созмони кишварҳои содиркунандани нефт (Opec) нигаронӣ аз заъфи долларро ворид намоянд, мухолифат кард. Билохира пешниҳоди Эрону Венесуэла аз матн хориҷ шуд.

XS
SM
MD
LG