Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Офати Бангладеш 1723 касро ҳалок намуд


Тибқи иттилои расмӣ дар Бангладеш тӯфони мавсимии харобиовар ҳаёти камаш 1723 нафарро аз байн бурдааст. Мардуми зиёд то ҳанӯз бе ному нишон аст. Тӯфон панҷшанбеи 15 -уми ноябр ба соҳили ҷанубии Бангладеш расида буд.

Дар он ҷо суръати бод ба 250 километр дар як соат баробар буд. Мансабдорони Бангладеш мегӯянд, эҳтимол рӯзҳои оянда боз ҳазорҳо ҷасади мардуми фавтида пайдо шавад, зеро гурӯҳҳои наҷот то ҳол ба ҳамаи минтақаҳои офатзада нарасидаанд.

XS
SM
MD
LG