Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ба Афғонистон силоҳ мефиристад


Вазири мудофиаи Афғонистон Абдураҳим Вардак мегӯяд, ба ҳамин зудиҳо ИМА ба Афғонистон аслиҳаи мутобиқи меъёрҳои паймони Нато ирсол хоҳад кард, то он ба ҷои таҷҳизоти низомии истеҳсоли шӯравӣ мавриди истифода қарор гирад.

Ба гуфти Вардак маъмурияти ИМА ҳамчунон ваъда додааст, ки ба артиши афғон ҳазорҳо мошини зиреҳпӯш тақдим мекунад.

Вардак ҳангоми бозгашт аз ИМА дар фурӯдгоҳи Кобул бо рӯзноманигорон вохӯрд. Ӯ гуфт, нерӯҳои амниятии Афғонистон бояд бузургтар бошанд, то тавонанд дар танҳоӣ назму суботи ин кишварро таъмин намоянд. Феълан артиши афғон аз тақрибан 50 ҳазор афсару сарбоз иборат аст.
XS
SM
MD
LG