Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи даргириҳо дар Ҳилманд ва Ғyр


Дар задухурди миёни неруҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО ва Толибон дар вилояти Ҳилманд – воқеъ дар ҷануби Афғонистон беш аз 20 тан аз мухолифини ҳукумат кушта шуда, 11 нафари дигар ба асорат афтоданд. Дар вилояти марказии Ғyр бошад, як гурӯҳи кормандони пулис аз сӯи Толибон муҳосира шуд. Дар ин даргирӣ чаҳор пулис кушта ва панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Як гурӯҳ кормандони пулис беному нишон ғайб задаанд.

XS
SM
MD
LG