Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори "Ал-Бағдодия" рабуда шуд


Дар Бағдод хабарнигори шабакаи мустақили телевизионии “Ал-Бағдодия” рабуда шуд. Ба иттилоъи ин шабакаи телевизионӣ, афроди номаълум хабарнигор Мунтадҳар Ал-Зайдиро дар маркази пойтахти Ироқ дар ҳоле боздошт карданд, ки ӯ сӯи дафтари кор мерафт.

Гуфта мешавад, ки тайи солҳои ахир ду хабарнигори шабакаи “Ал-Бағдодия” кушта шуданд. Ба иттилоъи созмони “Гузоришгарони бидуни марз”, баъд аз шурӯъи ҷанг дар Ироқ дар соли 2003-юм дар ин кишвар дасти кам 200 хабарнигор бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG