Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Негропонте бо Мушарраф мулоқот мекунад


Имрӯз Ҷон Негропонте, муовини Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида дар Исломобод бо Парвиз Мушарраф – раиси ҷумҳури Покистон музокирот анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки дипломати воломақоми амрикоӣ дар мулоқот бо Мушарраф хостори аз байн бардоштани вазъи изтирорӣ, аз зиндонҳо озод кардани маҳбусони сиёсӣ ва баргузории интихоботи озоду одилонаи порлумонӣ хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Покистон ваъда кардааст, ки интихоботи порлумонӣ рӯзи 9 январи соли 2008 ум баргузор мешавад ва аммо ишора намуд, ки айни ҳол вазъи изтирориро лағв карданӣ нест. Аҳзоби мухолифи ҳукумат мутмаинанд, ки баргузории интихоботи озоду демократӣ дар шароити вазъи изтирорӣ ғайримумкин аст.

XS
SM
MD
LG