Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши бесобиқаи тавлиди афюн дар Афғонистон


Антонио Мариа Коста, раиси иҷроии Дафтари СММ дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҳангоми муаррифии гузориши нав.

Антонио Мариа Коста, раиси иҷроии Дафтари СММ дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҳангоми муаррифии гузориши нав.

Гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тавлид ва тиҷорати маводи мухаддир дар кишвари Афғонистон барои имсол навмедии бештар меорад.

Бино бар омори ин гузориш, соли равон дар Афғонистон хашхош дар 193 000 ҳектар замин кошта шуд ва ҳосили он 8 200 тоннаро ташкил дод. Дафтари СММ дар умури назорат бар гардиши маводи мухаддир ҳадс мезанад, ки иқтисоди марбут ба маводи мухаддир 53%-и тавлиди нохолиси дохилии Афғонистонро ташкил медиҳад.

Дар муаррифии гузориш дар шаҳри Брюссел, раиси иҷрояи Дафтари СММ дар умури назорат бар гшардиши маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона Антонио Мариа Коста изҳор дошт, ки афзоиши муомилаи афюн ҳоло ба таври ҳалнашудани ба тавсеъаи фаъолияти ошубгаронаи толибон дар ҷануби кишвар иртибот дорад. "Ман мехоҳам бигӯям, ки саранҷом мо сад дарсад ба дарки он расидем, ки буҳрони маводи мухаддир ки Афғонистон бо он рубару шудааст имруз аксаран ба мушкили шӯришҳо иртибот дорад. Воқеияти он ки 78 дар сади зироати хашхош дар минтақаҳое ки ҳукумати марказӣ онҳоро идора намекунад сурат мегирад, ошкоро аз он шаҳодат медиҳад ки мо на бо мушкили маводи мухаддир балки бо мушкили фаъолиятҳои ошӯбгарон сару кор дорем.”

Коста афзуд ки ин таҳдиди дугона бузургтарин хатарест, ки Афғонистон бо он рубару шудааст.

Ин суханони корманди СММ дар ҳошияи конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо ва СММ ки ба мавзӯъи Афғонистон бахшида шуда буд, садо додаанд. Афғонистонро дар ин нишаст муовини раисиҷумҳури кишвар Карим Ҳалил намояндаги мекард.

Иртиботи миёни фаъолияти ошӯбгарон ва афзоиши кишти маводи мухаддир ба мавзӯъи баҳсбарангез мубаддал гаштааст. Ахиран Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай сарварони кишварҳои Ғарбро ба ҳайрат овард. Ӯ паймони низомии НАТО-ро бо он муттаҳам намуд ки натавонистааст аз афзоиши кишти хашхош дар вилояти Ҳилманд ва минтақаҳои ҳамсоя пешгири кунад. Ин дар ҳолест ки Бритониё, Канада ва дигар кишварҳои узви НАТО аз сабаби мудохилаашон ба мубориза алаҳи кишти хашхош хашми аҳолии он кишварро барангехтаанд ва талафоти сангини ҷонӣ додаанд. Бисёри кишварҳои аъзои НАТО аз амалиёти низоми дар Афғонистон номуед шуда қасд доранд неруҳои низомиашонро фаро хонанд.

Коста ба намоиши ҷамъшудагон харитаеро пешкаш намуд ки дар он минтақаҳои зиёди Афғонистони ҷануби нишон дода шудаанд ки на ҳукумати марказӣ ва на неруҳои НАТО онҳоро идора намекунанд.

Дар гузориш вазъи минтақаи Ҳилманд, ки дар он беш аз 53 дар сади афюни кишвар тавлид мешавад , хеле нигаронкунанда арзёби шудааст. Коста гуфт 87 дар сади 500 ҳазор оилаи кишвар ки ба иқтисоди маводи мухаддир иртибот доранд паштунҳоянд. Ба арзёбии мутахассисон ҷумбиши толибон низ дар аксар ҷумбиши паштунҳо мебошад.

Раиси дафтари СММ дар умури назорат бар гшардиши маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона изҳори назар кард ки ҳукумати кишвар дар муборизааш бо маводи муҳаддир дар улусволиҳои ҷанубӣ дар ҳоли ноком шудан аст.

Фиристодаи Афғонистон дар СММ Зоҳир Танин дируз руи даст гирифтани чораҳои сахтгирона аз қабили доруи кимиёӣ задани киштзорҳоро ғайриқобили қабул хонда. гуфт дар ин сурат аҳолии он минтақаҳо аз ҳукумат ва неруҳои НАТО рӯ мегардонанд:
Танин инчунин бо шеваи иттиҳомомез иброз дошт, ки афзоиши истеъмоли ҳероин дар кишварҳои Аврупо яке аз сабабҳои афзоиши тавлиди он дар Афғонистон шудааст.

XS
SM
MD
LG