Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гургенидзе сарвазири Гурҷистон шуд


Сарвазири нави Гурҷистон Ладо Гургенидзе дар нахустин сӯҳбати худ пас аз таъиноти наваш рушди барномаҳои иҷтимоиро муҳим хонд.

Гургенидзе: " Аввалан, барои ман пешбарӣ ба курсии сарвазирӣ ифтихори бузург аст. Ман ин вазифаро қадрдонӣ намуда, масъулияти онро дарк менамоям. Ба фикрам, паёми мардум ба қалбҳо расид ва мавриди фаҳмиш қарор гирифт. Маънии паёми мардумӣ ин аст, ки ба барномаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир шавад. Агар парламент номзадииямро тасдиқ кунад, ман аз паи иҷрои он мешавам."

Пас аз лағви вазъи фавқулода дар Гурҷистон, роҳ ба интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар ин кишвар боз шуд.

Ҳафтуми ноябр Саакашвилӣ бо истифода аз нерӯ гирдиҳамоии мухолифин дар назди парламенти ин кишварро пароканда карда, вазъи фавқулода ва маҳдудият рӯи кори расонаҳои хабарӣ ҷорӣ намуд. Президенти Гурҷистон иддао дорад, ки бо ин амал ӯ аз табаддулоти давлатии дар Маскав тарҳрезӣ шуда ҷилавгирӣ кард.

Баъдан Саакашвилӣ иброз дошт, ки интихоботи президентии ин кишвар на дар тирамоҳи соли 2008, балки бар пояи тақозои мухолифин дар ибтидои соли 2008, яъне панҷуми январ доир мешавад.

Ҳамчунин, ахиран Саакашвилӣ тариқи телевизион гуфт, сарвазир Зураб Ногаиделӣ, ки ҳангоми таъқиби гирдиҳамоиҳо аз истифодаи нерӯ пуштибонӣ кардааст, ба истеъфо меравад. Президенти Гурҷистон эълон кард, ки раиси Бонки Гурҷистон Ладо Гургенидзе сарвазири кишвар таъйин шудааст.

Саакашвилӣ: "Мо ба сарвазири нав дастур додаем, ки дар ояядаи наздик ба тадриҷ нафақаҳоро ду баробар афзоиш диҳад, маоши муаллимон ва кумаки иҷтимоӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад, барномаҳои муҳими таъмини кор бештар шаванд ва натиҷаи ислоҳот ба ҳар як шаҳрванд возеҳ намудор бошад. Хеле муҳим аст, ки ислоҳот тезонида шавад ва мо бо суръати бештаре кишварамонро тараққӣ диҳем."

Дар паи эълони лағви вазъи фавқулода аксари воситаҳои ахбори Гурҷистон кори маъмулии худро аз нав оғоз намуданд, вале то кунун сарнавишти муҳимтарин шабакаи телевизиони мухолифин, ТВ Имедӣ рӯшан нест. Мақомоти Гурҷистон баъди юриш ба қароргоҳи Имедӣ муҷаввизи фаъолияти онро муваққатан мутаваққиф намудаанд. Додгоҳ Имедиро бо даъват ба табаддулоти давлатӣ муттаҳам мекунад.

Давид Бакрадзе - вазири ҳалли низоъҳои Гурҷистон мегӯяд, вақте ҳукумат кафолат пайдо намояд, ки Имедӣ даъват ба хушунат ва саркашии саросариро бас кардааст, пахши барномаҳои он барқарор мешавад. Идораи Додситонии кулли Гурҷистон фаъолияти телевизиони Имедӣ ва соҳиби пештараи он сармоядор Бадрӣ Патаркатсишвилиро таҳқиқ дорад.

XS
SM
MD
LG