Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тер-Петросян сабқати президентиро оғоз намуд


Дар шаҳри Ереван гирдиҳамоии ҳазорҳо нафар ҳаводорони довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ Левон Тер-Петросян барпо шуд. Тер-Петросян дар гузашта президенти Арманистон буд. Соли 1998 дар ҳалли низои Қарабоғи Кӯҳӣ ӯ ба гузашт омодагиашро нишон дода, қаҳру ғазаби мардумро ба бор оварда буд. Ҳамон вақт ӯ аз вазифа барканор шуд. Феълан Тер-Петросян рақиби асосии сарвазир Серж Саркисян арзёбӣ мешавад. Президенти кунунии Арманистон Роберт Кочарян Саркисянро вориси тахти раёсатҷумҳуриаш дар интихоботи президентии моҳи феврал эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG