Пайвандҳои дастрасӣ

Буш: Фишор болои Теҳрон афзоиш меёбад


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш мегӯяд, агар Эрон ғанигардонии уранро хотима набахшад, фишор болои Ҷумҳурии Исломӣ "бояд афзоиш ёбад ва афзоиш хоҳад ёфт". Баъди мулоқот бо Йасуо Фукуда сарвазири Япония ва ё Ҷопон Ҷорҷ Буш гуфт: Вашингтон ва Токио мувофиқанд, ки Эрони мусаллаҳ бо аслиҳаи атомӣ Ховари Миёна ва фаротар аз онро бо таҳдид мувоҷеҳ мекунад.

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, Амрико қудрати ҳамла болои Эронро надорад, вале агар ин кишвар чунин ҳамларо роҳандозӣ намояд, аз он "пушаймон" хоҳад шуд. Ин суханронро Аҳмадинажод аснои сӯҳбат бо телевизиони арабзабони ал-Арабия иброз доштааст.

XS
SM
MD
LG