Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА мухолифи вазъи фавқулода дар Покистон


Дирӯз муовини котиби давлатии ИМА Ҷон Негропонте тариқи телефон бо раҳбари мухолифини ҳукумати Покистон хонум Беназир Бҳутто сӯҳбат кард.

Негропонте ба Покистон рафтааст, то президенти ин кишвар Парвез Мушаррафро ба лағви вазъи фавқулода ташвиқ намояд.

Зоҳиран бо мақсади ҷилавгирӣ аз танқид рӯзи ҷумъа мақомоти Покистон Бҳутторо аз ҳабси хонагӣ озод карданд.

Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар роҳ ба Покистон Негропонте гуфт:

"Раванди сиёсии Покистон аз роҳ берун баромадааст. Паёми мо ин аст, ки мо ҷонибдори ҳамкорӣ бо ҳукумат, мардум ва нерӯҳои фаъол дар саҳнаи сиёсии Покистон ҳастем, то кишвар ба зудтарин фурсат ба роҳи рушд баргардад."

Дар ин байн президент Мушарраф Муҳаммадмиён Сумроро сарпарасти мансаби сарвазири Покистон таъйин намуда, ба ӯ дастур додааст, ки интихоботи пешакии парламентиро танзим намояд. Пешбинӣ мешавад, ки интихоботи Покистон дар ибтидои моҳи январ барпо хоҳад шуд.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд, ҳукумати Покистон бо мақсади таъқиби мухолифин дар давраи интихобот вазъи фавқулода ҷорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG