Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини вазири молияи Русия боздошт шудааст


Дирӯз вазорати молияи Русия тасдиқ кард, ки муовини вазири молияи ин кишвар Сергей Сторчак дар иртибот бо як парвандаи ҷиноӣ боздошт шудааст.

Хабаргузори Ассошиэйтед пресс аз нақли сухангӯи вазорати молия Андрей Сайко овардааст, ки дар ҳақиқат Сторчак ба ҳабс гирифта шудааст. Сайко изҳори умед кардааст,ки тафтиш бидуни тарафгирӣ сурат хоҳад гирифт.

Тафсилоти бештар дастрас нашудааст. Сторчак ба ҳайсим уовини вазири молия сиёсати қарзҳои ин кишварро назорат мекард.
XS
SM
MD
LG