Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон боз 30 каси дигар кушта шуданд


Нерӯҳои давлатии Афғонистон бо кумаки сарбозони ИМА дар ҷануби Афғонистон 25 силоҳбадасти эҳтимолан марбут бо Толибонро ба қатл расондаанд. Мансабдорони вилояти Урузгон гуфтаанд, ки шаби гузашта дар минтақаи Деҳ Ровуд полиси афғон бо кумаки сарбозони амрикоӣ 20 толибро ба қатл расонд. 5 толиби дигар дар минтақаи Ноиши ҳамин вилояти ҷанубии Афғонистон кушта шуданд. Дирӯз дар натиҷаи таркиши бомби канори роҳ дар минтақаи Жирайи вилояти Қандаҳор чор афсари полис ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG