Пайвандҳои дастрасӣ

Гургенидзе сарвазири нави Гурҷистон


Дирӯз президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ дар саросари ин кишвар вазъи фавқулодаро лағв намуда, раиси Бонки Гурҷистон Ладо Гургенидзеро сарвазири Гурҷистон таъйин намуд.

Вазъи фавқулода ҳафтуми ноябр баъди таъқиби гирдиҳамоии мухолифини ҳукумат дар назди парламенти Гурҷистон эълон шуда буд. Ҳамзамон бо қарори мақомоти Гурҷистон фаъолияти расонаҳои хабарӣ маҳдуд гардид.

Баъди чанде Саакашвилӣ тақозои мухолифинро пазируфта изҳор намуд, ки панҷуми январ дар Гурҷистон интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ барпо мешавад.

Дар нишасти матбуотии рӯзи ҷумъа Саакашвилӣ истеъфои сарвазир Зураб Ногаиделиро тасдиқ намуда, иброз дошт, ки раиси Бонки Гурҷистон Ладо Гургенидзе сарвазири ин кишвар таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG