Пайвандҳои дастрасӣ

Дастгирӣ аз лағви вазъи фавқулода дар Гурҷистон


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун лағви вазъи фавқулода дар Гурҷистонро хуш пазироӣ намуда, изҳори умед кардааст, ки ба зудӣ ҳамаи расонаҳои ин кишвар кори маъмулии худро оғоз менамоянд. Бан таъкид кардааст, ки эҳёи комили озодии баён ва ҷамъомадҳо барои баргузории маъракаи пешазинтихоботии қобили эътимод зарур аст. Интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳурии Гурҷистон дар таърихи панҷуми январ барпо хоҳад шуд. Вазири корҳои хориҷии Испания Мигел Анхел Моратинос, ки раёсати даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ( САҲА)-ро бар дӯш дорад, низ аз қарори лағви вазъи фавқулода дар Гурҷистон қаноатманд аст. Ба қавли Моратинос ин иқдом барои рушди демократия дар Гурҷистон муҳим аст.
XS
SM
MD
LG