Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунгоҳи байнулмилалии энержии ҳастаӣ бар ин аст, ки Эрон зоҳиран дар бораи тариқи ғанисозии моддаҳои ҳастаӣ, таҷҳизот ва фанновариҳое ки барои ғанисозии ураниум истифода мебарад, маълумоти мунсифона медодааст.

Аммо дар санади мазкур зикр мешавад, ки Эрон дар вақтҳои охир ғанисозии ураниумро ба таври назаррас афзоиш дода ва ба бозрасон иҷозат додааст танҳо аз корхонаҳое боздид кунанд, ки дар бораи вуҷуди онҳо аллакай маълум будааст. Гуфта мешавад ки дар ин сатҳ ин бунгоҳи вобаста ба СММ дар бораи имкони вуҷуд доштани барномаи махфии силоҳи ҳастаи Эрон, ҳамон тавре, ки баъзе кишварҳои Ғарб иддао мекунанд, ҳеҷ маълумоте надорад.


Мақомоти Теҳрон борҳо гуфтаанд: барномаи ҳастаии Эрон сулҳомез буда ҳадафаш даст ёфтан ба тавлиди нирӯи арзони барқ мебошад. Музокиракунандаи аршади Эрон дар гуфтушунуди ҳастаи Сайид Ҷалилӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Теҳрон гуфт, тибқи гузориши Бунгоҳи байналмилалии энержии ҳастаӣ, Эрон ба тамоми саволҳои СММ посух дод. Вай афзуд ки СММ алайҳи кишвараш ду бор таҳримҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ эълон кард ва ҳоло идомаи ин таҳримҳо “ғайриқонунӣ хоҳад буд”.

Ин дар ҳолест, ки ИМА ба гузориш назари мухолиф дорад. Сухангҳи Кохи сафед Дана Перино изҳор дошт, ки ҳамкории Теҳрон бо Бунгоҳи байнулмилалии энержии ҳастаӣ шеваи “интихобӣ” дорад ва ин кофӣ намебошад.

“Эрон ҳамоно аз муомилае, ки ба вай пешниҳод мешавад саркашӣ дорад. Мо гуфта будем, ки онҳо метавонанд барномаи сулҳомези ҳастаи дошта бошанд, дар ҳоле, ки ҳамаи фаъолиятҳои кунуниашонро мутаваққиф кунанд. Раисиҷумҳур Буш бори нахуст, дар тули 28 сол, иҷозат дод сиёсати ИМ дар нисбати Эрон тағийр дода шавад. Вай ба вазири корҳои хориҷаи кишвар Кондолиза Райс иҷозат дод, агар эрониҳо барномаашонро мутаваққиф кунанд, бо ҳамтои эрониаш дар кадом вақт ва маконе, ки бошад мулоқот хоҳад кард. Мутаассифона, онҳо тасмим гирифтанд, барномаашонро мутаваққиф накунанд ва гузориш ошкоро нишон медиҳад, ки Теҳрон дар ҳамкорӣ бо боқии кишварҳои ҷаҳон манфиатдор нест. Ҳукумати кунунии Эрон кишварро ба коми амиқтари инзиво равона мекунад”.


Хонум Перино афзуд, мақомоти Теҳрон бояд пешниҳоди ИМА ва чаҳор узви доимии дигари Шурои амнияти СММ: Бритониё, Чин, Фаронса ва Русия бо иловаи Олмонро пазирад. Ва ин пешниҳод аз дасткашии Эрон аз ғанисозиии ураниум бар ивази лағви таҳримҳои кунунии СММ иборат мебошад. Дар сурате ки Теҳрон ин шартро қабул кунад, имкон пайдо мешавад Эрон аз роҳи гуфтушунид ба энержии сулҳомези ҳастаӣ даст ёбад.
Бо вуҷуди ин Перино гуфт ИМА кушиш хоҳад кард бар зидди Эрон таҳримҳои баъдии шадидтар ҷори шавад. Бритониё, Фаронса ва Олмон ин кушишҳои Амрикоро ҷонибдори мекунанд, дар ҳоле ки Русия ва Чин, ки дар ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон хеле манфиатдоранд, мухолифи ҷоришудани таҳримҳо ҳастанд. Ин ду кишвар бар ин ақидаанд, ки идомаи инзивои Эрон ба бесуботии тамоми минтақаи Ховари Миёна хоҳад овард.

Панҷ узви доимии Шурои Амнияти СММ 28 сентябр ба тавофуқ расиданд, ки раъйгириро дар мавриди эъмоли таҳримҳои баъди дар ҳоле барпо мекунанд, ки агар дар гузоришҳои Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаи ва Иттиҳодияи Авруппо ҳамкории Теҳрон манфи арзёби шавад.
Дар вокуниш ба нашри гузориши ин оҷонс вазорати корҳои хориҷаи Британиё изҳороте нашр кард ки дар он омадааст Эрон бояд дар бораи ҳама фаъолиятҳои ҳастаиаш мунсифона маълумот медод ва ба бозрасони оҷонси иҷозат медод ҳамаи маконҳои дархостшударо боздид кунанд.

Олмон ва аъзои доимии Шурои Амнияти СММ дар бораи гузориш изҳори назар накардаанд, аммо вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни суханрониаш дар Любляна дирӯз гуфт:


”Бояд ба гуфтушунуд ва равандҳои мусбат тамаркуз кунем. Барои ҷонибҳои зидахл хеле муҳим аст раванди оғози музокирот миёни Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаи ва Эрон ба инобат гирифта шавад. Мо ҳама барои расидан ба ин натиҷа заҳматҳои зиёд кашидем ва вақти зиёдро сарф кардем, аз ҷумла бо қабули қатъномаҳои Шурои Амният, ва мебинем ки онҳо хеле самаронк будаанд.”


Лавров аз ҳамаи кишварҳои шомили музокирот даъват намуд, ки бар ивази пешгӯиҳову таҳдидҳои мухталиф болои маълумоти дақиқ тамаркуз сурат гирад.

XS
SM
MD
LG