Пайвандҳои дастрасӣ

Паймони интиқоли барқи Тоҷикистон ба Покистон


Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон имрӯз созишномаи интиқоли нирӯи барқ аз тариқи шабакаи кабелиро имзо карданд, ки қарор аст, то соли 2012 сохта шавад. Вазири энержӣ ва оби Афғонистон Исмоилхон мегӯяд, нирӯи барқ аз кишварҳои шӯравии собиқ ба воситаи Афғонистон ба Покистон интиқол хоҳад ёфт. Вай афзуд, Афғонистон ин иҷозаро хоҳад дошт, ки наздик ба 25 дарсади ин барқро истифода кунад. Нооромиҳои дерсолаи Афғонистон ва зуҳури Толибон ба Кобул имкон надод аз интиқоли гази Туркманистон ба Покистон манфиат бардорад, вале интиқоли барқ, гуфта мешавад, аз манотиқи нисбатан ороми Афғонистон сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG