Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи Русия аз созиши нирӯҳои муқаррарии Аврупо


Палатаи болоии порлумони Русия ба тарафдорӣ аз хуруҷи ин кишвар аз созишномаи нирӯҳои муқаррарии Аврупо раъй дод. Ҳафтаи гузашта палатаи поёнӣ ё Думои давлатии Русия ин қарорро ба тасвиб расонда буд. Қатъи ширкати Русия дар ин паймон аз 12 декабр сар мешавад. Созишномаи мазкура, ки дар соли 1990 имзо шуда буд, дар теъдоди тонку зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбӣ дар Аврупо маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ кардааст. Маскав мегӯяд, ин қарордод маънии худро аз даст додааст, зеро нусхаи навтари онро дар соли 1999 кишварҳои узви НАТО ба тасвиб нарасонданд. Аъзои НАТО мегӯянд, нусхаи навро бо сабаби ҳузури низомии Русия дар Молдова ва Гурҷистон тасвиб нарасонданд.

XS
SM
MD
LG