Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати СММ аз НАТО дар Афғонистон


Созмони Милали Муттаҳид аз Паймони Атлантики Шимолӣ даъват кард, бар зидди тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон иқдоми бештар нишон диҳад. Мудири иҷроии Барномаи зидди маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал, Антонио Мария Коста имрӯз дар Бруссел дар ҳоле ин даъватро ба забон овард, ки пешнависи ниҳоии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи маводи мухаддири Афғонистон дар соли 2007 муаррифӣ мешуд. Тибқи он, ҳаҷми умумии судури ин мавод аз Афғонистон дар соли равон 4 миллиард долларро ташкил додааст, ки ба беш аз ними даромади кулли ин кишвар баробар мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG