Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсеъаи додугирифти Чин бо Осиёи Марказӣ


Гардиши мол миёни вилояти автономии Синзян-Уйғури Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо суръат тавсеъа меёбад. Бино ба иттилоъи хабаргузории чиноии «Синхуа», тайи 10 моҳи ахир додугирифт миёни вилояти мазкури Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 50 дар сад афзоиш ёфтааст. Гардиши мол тайи ин муддат бо Тоҷикистон 250 милиён долларро ташкил додааст. Гуфта мешавад, аз ҳама бештар вилояти Синзян-Уйғури Чин бо Қазоқистон додугирифт кардааст ва ҳаҷми гардиши мол бо ин кишвар баробар ба 5,67 миллиард доллар будааст.

XS
SM
MD
LG